Дар кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Раёсати кумиҷроия доир гардид.

Нахуст раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Сипас, раиси кумиҷроия оиди фаъолияти семоҳаи аввали соли 2018 гузориш дода, таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба хотири боз ҳам ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба ҳизб  силсилаи чорабиниҳо доир гардиданд. Кумиҷроия дар самти зиёд намудани сафи узвият дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, устодону олимони варзида, занони барӯманду ҷавонони лаёқатманд бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботиро дуруст ба роҳ мондааст ва дар натиҷа дар се моҳи аввали соли 2018 - 190 нафар шахсони мавқеи худро муайянкарда ба аъзогии ҲХДТ дохил гардиданд ва айни ҳол шумораи аъзоёни ҳизб дар шаҳр 16521 нафарро дар бар мегирад, ки аз инҳо 10366 нафар занон ва 8743 нафарро ҷавонон дарбар мегиранд.

Инчунин дар маҷлиси Раёсати кумиҷроия масъалаҳои «Таҳлили фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инқилоб» ва ташкилоти ибтидоии бозори «Афросиёб» дар самти ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб», «Нақш ва мавқеи занон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо дар устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи ҳизб», «Тасдиқи фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд», «Тасдиқи қарорҳои корхонаву муассисаҳо оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» ва қабул ба сафи  аъзогии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо қабули қарорҳо ба бандҳои асосии рӯзнома кори ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.