Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи дар шаҳри Хуҷанд дар кумитаи иҷроияи ибтидоии "Инқилоб" дар ҳошияи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони " Душанбе хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё" баргузор гардид. Чорабиниро муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, муовини директори ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ Гулчеҳра Аҳророва ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф таъкид дошт, ки рисолати мо устодон ва ҳизбиёни фаъол дар зеҳну шуури ҷавонон ҷо кардани андешаи миллӣ ва дуст доштани обу хоки диёр аст. Аз ҷумла эҳтиром доштан ба дили мамлакат - шаҳри Душанбе рисолати ҳар як шаҳрванди бонангу ор маҳсуб меёбад.

Аъзои кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, номзади илмҳои филологӣ Зеварой Бобоева зимни баромади хеш зикр намуд, ки ҳар як кишвар бо шаҳрҳои азиму зебои хеш ифтихор мекунанд, ки мо тоҷикон аз пойтахти мамлакатамон ифтихори зиёд дорем. Имрӯз чун Душанберо бо даҳ соли пеш муқоиса менамоем, тағйироти куллиро метавон дид. Зеро дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ин шаҳри сабзоғӯш хеле обод гардидааст. Ба ҳайси шаҳрдор интихоб шудани Рустами Эмомалӣ симои пойтахт куллан дигар шудааст, ки мо онро дар лаҳза эҳсос мекунем.

Мудири шуъбаи занон Заррина Манонова, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев ва устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар баромадҳояшон аз дастовардҳои пойтахти кишвар ҳарф зада, баён карданд, ки пойтахт ин симо ва маркази маъмурии давлатамон буда, имрӯз чеҳраи тобнокро ба худ гирифтааст.

Чанде аз донишҷӯёни фаъол дар васфи шаҳри Душанбе назари худро иброз доштанд.

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар ҷавонони фаъол бо ташкили флешмоб муҳаббати худро ба Душанбешаҳри ҳамешабаҳор ироа намуданд.

Бо иқдоми як гурӯҳ донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олӣ Дар хиёбонҳои шаҳр варақаҳои табрикотӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт тақсим карда шуданд.