Бо мақсади иҷрои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25 майи соли 2023, таҳти №2 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13 июни соли 2023, таҳти №6 дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова ва аъзои ҳизб, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҳамқадам” баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамқадам” Фирӯза Зиёбоева аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуд. Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Ҳамқадам” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ корҳои назаррасеро анҷом додааст. Ҳамчунин якдилона аз ҷониби аъзои ҳизб қарор “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардид.

Доир ба масъалаи дигари рӯзнома бо пешниҳоди аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ҳамқадам” ва инчунин бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ бо ҷонибдории ҳамагон Фирӯза Зиёбоева аз нав ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамқадам” интихоб гардид.

Намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова оид ба фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, инчунин, доир ба заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, ҷалби бештари аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба корҳои созандагиву ободонӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.