Дирӯз дар ҳавзаи интихоботии №4 “Қорираҳмат Қурбонов” вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд Саидӣ Дилафрӯз ва Ҳомидова Замира,   номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  Мақсудова Шоиста, Бобоҷонова Сабоат ва Рофиев Мирзобаҳодур бо интихобкунандагон доир шуд.  Аз ҷумлаи онҳо  Саидӣ Дилафрӯз, Ҳомидова Замира, Мақсудова Шоиста, Бобоҷонова Сабоат аъзои ҲХДТ буда, номзадии Рофиев Мирзобаҳодурро Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешбарӣ намудааст.

Дар рафти вохӯрӣ номзадҳо ба вакилӣ барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда, ҳамзамон фикру андеша ва таклифу пешниҳоди интихобкунандагонро шуниданд..