Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID- 19 санаи 7 сентябри соли 2020 аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хонандагони Муассисаи таълимии миёнаи умумии №15 и шаҳри Хуҷанд  сурат гирифта, оиди риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез  тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук фаҳмонида шуд.

Дар вақти мулоқот  бо хонандагони синфҳои 9 11 оиди пешгирии бемории сироятии COVID- 19 суолу ҷавоб доир   шуд.  Дар доираи ин тадбир масъулин маводҳои иттилоотиро, ки истифодаи онҳо дар пешгирии бемории сироятии болозикр мусоидаткунанда мебошад, ба сокинон дастрас карда шуданд.