Бо мақсади тақвият ва ошноӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сармутахассиси  шуъбаи ташкилӣ ва назорати кумиҷроия Исмоил Латипов санаи 02 октябри соли равон  фаъолияти ташкилоти ибтидоии Раёсати агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа дар вилояти Суғдро мавриди санҷиш қарор дод.

    Зимни азназаргузаронӣ барои саривақт омода намудани санадҳо, танзими ҳаракати аъзо, пардохти саривактии аъзоҳаққӣ, баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ, ҷалби аъзо, таъсиси гӯшаи иттилоотӣ, омода кардани бастаҳои нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки ҳизбиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ – сиёсӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии муассиса дастурҳои мушаххас дода шуд.

     Бо назардошти наздик шудани маъракаи сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии муассиаи мазкур Пулодӣ У.  муваззаф шуд, ки камбудиҳои ҷузъиро бартараф намуда, ҳамкориро бо кумиҷроияи шаҳрӣ қавитар намояд.