Ҷиҳати тақвият додани корҳои дохилиҳизбӣ баҳри бартараф намудани камбудиву норасогиҳо дар ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони кумиҷроияи дар шаҳр бо маром идома дорад.

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Ғуфрон Шарипов ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова аз рафти корбарӣ ва ҳуҷҷатгузории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Б.Ғафуров” дар назди  МДТ  Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров  ва ташкилоти ибтидоии “Сафина” дар назди ширхоргоҳ -  кӯдакистони  №33  дидан намуда,  барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва дастуру супоришҳо дода шуд.

Мақсад аз ин корҳои тақвиятӣ ин баҳри пешбурдан ва тақвияти фаъолияти ташкилотҳои  ҳизбӣ, вусъати корҳои дохилиҳизбӣ,  ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа мебошад.