Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта аксияи “Тозагии соҳил” бо иштироки кормандони Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва бештар аз 2500 нафар сокинон, кормандону ташкилоту муассисаҳое, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгиранд гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур барои тоза намудани соҳили дарё ва ба тартиб даровардани он ҳамчунин донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳои шаҳр, Литсейи касбии техникии №44, №56, Колеҷи омӯзгори ба номи академик Б.Ғафуров, Маркази дилшиносии вилояти Суғд, Маркази ҷарроҳии дил дар вилояти Суғд, Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Беморхонаи физеотерапевтии Ҷумҳуриявӣ ба номи А.Нурматов, Кӯдакистони Президентӣ, Сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои 1-май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон низ саҳми худро гузоштанд. Иштирокдорони ин амали нек ду тарафи соҳили дарёи Сир, аз кӯпруки Ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқро аз партов, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карданд. Бо мусоидати кормандони КВДК “Хизматрасони нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд 38 м3 партов бароварда шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10329
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10146
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8272
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8066
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7434
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1287
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1323
-
ФАЪОЛОНИ ҲНИТ БОЯД ДАР НАЗДИ ҚОНУН ҶАВОБ ГЎЯНД2018-04-09 1247
-
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз…2017-12-04 2170
-
Таҷрибаи нодир ва шоистаи пайравӣ2020-04-23 894
-
Конференсияи хисоботӣ- интихоботӣ2014-10-24 1471
-
Шамъи дилафрӯз2017-02-27 1333
Меҳмонон