Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманд эътибори махсус зоҳир гардид.

Масъалаи мазкур дар меҳвари Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ низ қарор дорад.

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар арафаи маъракаи сиёсии дарпешистода КИ ҲХДТ дапр ш. Хуҷанд имрӯзҳо амалҳои хайриявиро ба роҳ монда истодааст.

Аз ҷумла рӯзи 08.02.2020 Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар дар ҳамроҳӣ бо раиси Кумитаи маҳаллаи “Чорчароғ” ду нафар сокинони ниёзманди маҳаллаи мазкурро аёдат намуд.

Дар рафти ин чорабинӣ ба аёдатшудагон кӯмаки яквақтаи моддӣ иборат аз маводи хӯрокворӣ дастрас гардид.

Онҳо барои чунин таваҷҷӯҳ ба гурӯҳи аёдатӣ минатдорӣ баён карданд.