Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии ҷавонон барои фаъолияти зеҳнӣ ва дарёфт намудани соҳибистеъдодҳои нав бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин барномасоз» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд доир гардид.

Дар озмун 20 нафар омӯзгорони ҷавон, магистрантони соҳибзавқ, навовар ва соҳибҳунар, ки қобилияти ихтироъкорӣ ва сохтани барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаро доранд, ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зоҳидзода Олим суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Ҳадафи баргузории чорабинии имрӯза маҳз ҳавсмандии ҷавонони фаъол  ва  равона намудани ин нерӯ бар нафъи ҷомеа мебошад.

Сипас иштирокчиёни озмун лоиҳаҳои худро пешниҳоди ҳакамон, ки иборат аз устодони варзидаи макотиби олии вилоят буданд, муаррифӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи лоиҳаҳо мавриди таваҷҷуҳи аҳли иштирокдорон гардида, аз ҷониби аҳли ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.          Мавриди зикр аст, ки шарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро  9 нафар омӯзгорони ҷавон, донишҷӯёни фаъол дар ин озмуни бонуфуз ҳимоя намуданд. Дар натиҷа Абдунабӣ Қосимов, омӯзгори ҷавони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо лоиҳаи худ «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум» сазовори ҷойи аввал гардида, барандаи озмуни «Барномасози беҳтарин» гардид. Ҷои дуюмро  магистранти соли 2 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров - Азамов Н,А. ва  ҷои сеюмро магистранти курси 1 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - Кушнерюк А.И. ишғол намуданд. Ҳамчунин магистранти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Назирҷон Муллоҷонов соҳиби Ифтихорнома гардид. Ба  ғолибону ҷоизадрони озмун сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зоҳидзода Олим дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфа ва Ифтихорномаҳоро супорид. Аз ҷумла Абдунабӣ Қосимов соҳиби мукофоти аз ҳама баланд – «Нотбук» гардид. Ёдовар мешавем, ки моҳе қабл дигар аз барномасози ҷавони донишкада Парвиз Солиев дар озмуни шаҳрии  «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» миёни беш аз 30 иштирокчиёни муассисаҳои олии кишвар ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид.    Раёсати донишкада, шахсан сарвари он номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҷавонони ташаббускору навҷӯи донишкадаро бо ин дастоврд табрику муборакбод намуда, дар фатҳи қуллаҳои илму дониш ва навоварӣ ба онҳо барор хоҳонанд.