Суннатҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар сарзамини Тоҷикистон дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю  талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Наврӯз дар асоси нақша чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии «Умедбахш»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии Наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева Муҳаббат ширкат варзида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии ин иди аҷдодӣ табрику муборакбод намуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби муовини раиси Кумиҷроия якчанд фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ бо Сипосномаҳои Кумиҷроия сарфароз гардонида шуданд.