Бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатӣ доир ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи нӯҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид. Ҷаласаро раиси кумиҷроия Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа, шинос намуд. Дар маҷлис шаш масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Нахуст раиси кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба фаъолияти кумиҷроия дар давраи нӯҳ моҳи соли равон ахборот пешниҳод намуд. Сипас, рафти иҷрои нақшаи меъёри “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Шафақ”, мусоидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тасдиқи фармоишҳои раиси Кумиҷроия дар давраи семоҳаи сеюми соли 2023, тасдиқи қарорҳои муассисони ташкилотҳои ибтидоии навтаъсис, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, қатъ, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои ҳизб дар давраи семоҳаи сеюми соли 2023 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар маҷлиси маҷлиси мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ширкат намуда, ҷиҳати роҳандозии корҳои ободониву созандагӣ қабули сифатноки аъзо ба сафи ҲХДТ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.