Дар натиҷаи мунтазам бурдани корҳои тарғиботию ташвиқоти фаҳмонидани мақсаду ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар байни ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ рӯз аз рӯз сафи ҳизбиён аз ҳисоби шахсони мавқеи сиёсии худро муайян намуда зиёд шуда истодааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 3 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 205 ташкилоти ибтидоӣ кору фаъолият мебаранд. Рӯзи гузашта дар шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи таъсисёбии ташкилоти ибтидоӣ шуда гузашт. Дар кори ҷаласа мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Негматова М. сардори шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Исомаддинов С.А. иштирок ва баромад намуданд. Ҳомидова Замира мудири шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона бо як овоз раиси ташкилоти ибтидоии навтаъсис интихоб шуд. Ин аст, ки сафи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ боз як адад афзуда ба 206 расид. Мароми мо ин пур намудани фазои холигии ҷомеа ва афзудани сафи аъзоён аз ҳисоби шахсони ватаншиносу худогоҳ мебошад.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10328
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10145
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8271
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8065
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7433
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1286
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1322
-
Ватандорӣ шараф аст!2021-08-05 626
-
Шанбегӣ дар КИИ "СОМОН"2020-11-08 789
-
ТОРИКИҲОИ АНДЕШАИ РАВШАНИ ТЕМУРИЁН2018-10-01 1263
-
МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЗУҲАЛ”2023-07-27 562
-
БО ХАЛҚ ВА БАРОИ САОДАТИ ХАЛҚ2020-02-04 989
Меҳмонон