Аз таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур шуд. 10 - декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардида, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тӯли фаъолияташ ба боварии мардум сазовор шуда, ба бисёр дастовардҳо шарафёб гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби ормонҳои халқ буда, обрӯву нуфузи хосаеро ба даст овардааст.

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Инқилоб” мулоқот бо  аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ - ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадори ҳизб, доктори илмҳои иқтисодӣ, прафессор Абдумавлон Азимов ба ҷавонон оиди  ташкилёбии ҳизб, ғояҳои асосӣ, дастовардҳо ва  ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маълумот дода, зикр намуд, ки Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин ҳизби воқеан ормонӣ бо талош ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзӣ ҳастӣ намуда, тавонист, чун Ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи  идеяи миллӣ барои пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон хизмати шоиста кунад.

Ҷавонон аз баромади пурмӯҳтавои устод Абдумавлон Азимов ба худ як ҷаҳон маънӣ гирифта, баҳраманд гардиданд.