Нимаи дуюми санаи 23-уми апрел дар Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯён (зиёда аз 300 нафар) ва устодони ин Донишкада дар мавзӯи «Ҳар рӯзи ман бо муҳаббат оғоз мегардад, на бо хушунат» маҳфили мубоҳисавӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯрои фаъолзанони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва вилоят даъват шуда буданд. Мубоҳиса дар атрофи мавзӯъ бо роҳи пешниҳоди ақидаҳо-омилҳои зуҳури бархӯрдҳои равонӣ ва таъсири он; муноқишаҳои оилавӣ ва роҳҳои бартарафсозии он сурат гирифта, якчанд саҳначаҳои тарбиявӣ аз тарафи донишҷӯёну устодони Донишкада анҷом ёфт. Ҳамчунин меҳмонони маҳфил низ ақидаҳои худро иброз намуданд.