Падарону шуҷоатманди диёр! Ҳамшаҳриёни азиз! Соли равон аз ғалабаи оламшумули халқҳои ваҳдатшиори шӯравӣ бар фашизми гитлерӣ 71-сол пур мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб дар остонаи ин ҷашни бузурги таърихӣ ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дӯстону пайвандони онҳоро аз номи беш аз 13 ҳазор аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сидқан муборакбод гуфта, ба онҳо саломатии пойдор, умри дароз ва ризқи фарозро таманно дорем. Ҳарчанд аз ин ҷанги фоҷеабортарини асри гузашта солҳои дароз гузашта бошад ҳам, ҳанӯз доғ ва касрати ин ҷангро дар аксари хонадони собиқ халқҳои шӯравӣ эҳсос кардан мумкин аст . Ҷанги хонумонсӯз ҷони беҳтарин фарзандони модару халқият ва миллатҳои гуногунро ба коми худ фурӯ бурд. Аз таъсири алангаи оташи ин ҷанг деҳу деҳкадаҳои кишвари кӯҳсору кӯхандиёри дурдасти мо низ дар канор намонда захми калон бардошт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳамаи ҷангҳои дар тӯли асрҳо кардаю дидаи инсоният вазнинтар буд. Он қурбоние, ки Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷанги зидди Германияи фашистӣ дод, ба ҳеҷ чиз қиёс карда намешавад. Ғаму андӯҳи халқро бошад, мизоне тавони баркашидан надорад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ таърихи зиндаи халқ буда, узван ба замони ҳозира пайваст аст ва ба ояндаю наслҳои баъдина низ тааллуқ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар ин маврид таъкид медоранд, ки «Дар Рӯзи Ғалаба мо мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳои онҳоеро, ки Ватанро ҳифз ва ҳаёти осудаҳолонаро таъмин намудаанд, қадр намуда, ба хотири онҳо сари таъзим фуруд меорем» Воқеан ҳам корнамоию далерии падарону бобоёни мо шоистаи омӯзиш аст ва маҳз Ватанпарастиву якдилии онҳо ба ҳар яки насли имрӯз дарси ибрат бояд бошад. Маҳз онҳо буданд, ки аз хатари фашистони лаин, ки мехостанд дунёро бо зулму истибдод ба коми худ дароранд, пешгирӣ намуданд. Ин амали сарҷамъии халқҳо бори дигар дар назди таърих исбот намуд, ки касе сади роҳи якдиливу муттаҳидӣ намегардад. Хушбахтона намунаи олии далериву шучоатмандии иштирокчиёни ҶБВ-ро мо то ҳанӯз аз забони онҳо шунида метавонем, вале шумораи иштирокчиён сол то сол кам гардида истодааст. Мо ҳар лаҳзаву соати хешро ғанимат шуморида , то метавонем аз насиҳатҳои падарону бобоёни худ баҳрае бигирем, корномаҳои онҳоро ба дигарон нақл намоем. Моро месазад, ки аз ин қаҳрамониҳои гузаштагонамон сабақи мардонагӣ бигирем ва дар муҳофизати сарзамини аҷдодиамон Тоҷикистони гул-гулшукуфон аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир бо омодагии ҷиддӣ ва руҳи шикастнопазир ҳама гуна арзишҳои миллӣ ва давлатиамонро муҳофизат кунем, нагузорем ки, ягон нохалаф ё душмани сарзаминамон ба ин хоки пок ва мардуми тамаддунофар зиён расонад рисолати қарзу фарзи ҷавонмарди ва муҳофиз буданамонро ҳеҷ гоҳ набояд фаромуш намоем!. Ҷашни ғалаба муборак, падарони шӯҳратманди диёр!