Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси кумиҷроия бо аъзои гурӯҳи ташаббускор оид ба тарғибу ташвиқи самаранок истифода бурдани нерӯи барқ доир гардид.

Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, баён дошт, ки имрӯз ҷомеа, хоссатан шаҳрвандон ниёз ба дастуру раҳнамоиҳо нисбати мубориза ба бемории сироятии КОВИД – 19 доранд. Мушоҳидаҳои рӯзҳои охир нишон доданд, ки мардум бе ниқоби ҳимоятӣ ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ дар кӯчаву бозорҳо гаштугузор менамоянд.

Ҳамзамон интиқоли нерӯи барқ оғоз аз 10 декабр ба истифодабарандагон ба таври бемаҳдуд интиқол шуда истодааст. Вазифаи мо, фаъолони ҳизб мардумро аз оқибатҳои ҳузновари беморӣ ҳушдор додан аст ва ҳамчунин даъват ба сарфакорӣ дар мавриди истифодаи нерӯи барқ мебошад.

Ҳаминтавр гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолони ҳизб, шахсиятҳои соҳибобрӯ дар ҳамаи кумитаҳои маҳаллаи шаҳр ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона равона гардиданд.