Бахшида ба иди Наврӯзи Аҷам дар ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 33-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуд. Раиси кумиҷроия иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати иди байналмиллалии Наврӯз табрик намуда, зикр дошт, ки маҳз бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз иди Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Дар охири чорабинӣ ба якчанд шахсони арзанда, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як нафар аъзои фаъоли ҲХДТ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қадршиносӣ карда шуд.