Андешаҳо роҷеъ бамақолаи таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода, муовини авали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣВа ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?».

Ростӣ, мақолаи мазкур дар миёни аҳли ҷомеа вокуниши ҷиддии мусбиро ба миён овард, ки дар ин замина ҷонибдорони ақидаҳои муаллиф хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд. Дар мақолаи мазкур муаллиф зимни баррасии равандҳои нави геополитикии ҷаҳони муосир, раванди бегонашавӣ ва ғофил мондан аз арзишҳои динию миллиро низ мавриди арзёбии ҷиддӣ қарор додааст.  Саидмурод Фаттоҳзода дар ин мақола дар заминаи ҷонибдориаш аз  бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ  як қатор масъалаҳои муҳимро аз қабили вазифаҳои идеологияи сиёсӣ, ихтилофҳои ақидавии диндорон ва атеистон, ғояҳои либерализми ғарбӣ, стандартҳои дугона ва талошҳои бемаънии диниву мазҳабиро аз лиҳози қиёси сиёсиву фарҳангӣ хеле бомаҳорат ба риштаи таҳлил кашидааст.  Бидуни шак бояд таъкид кард, ки мақолаи мазкур бо хусусияти барномавии худ фарқи ҷиддӣ дорад. Дар он умдатарин масъалаҳои ғоявию сиёсӣ, нақши «идеологияи ягонаи миллии устувор ва созанда» дар муттаҳид намудани гурўҳ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар хоса зикр шудаанд. 

Муаллиф таваҷҷуҳи хонандаро ба “инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки онро рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии фаромиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик доданд”,  ҷалб карда, таъкид менамояд, ки он фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлат ва миллатҳои гуногунро дар ҷаҳон халадор кардааст. Лиҳозо, дар заминаи инқилоби иттилоотӣ ҳоло маҳфумҳои наве, мисли  ҷанги иттилоотӣ ва таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм  дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст. Аз ин хотир бо истифода аз ин васила халалдор сохтани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидаанд. Ин ҳушдори муаллиф воқеият дорад ва барои муқовимат ба ин гуна таҳдидҳо бояд ҳаматарафа омода шуд, то илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гардад. Банда таъкиди муаллифро, ки бояд роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои миллиамон дар пешорӯи ин гуна таҳдидҳо бояд мушаххас шаванд, сад дар сад ҷонибдорам. Ин нуктаро бояд  ҷиддӣ эътироф кард ва бояд дарк намуд, агар хоҳем “дар ҷомеаи амну ором ва идорашаванда зиндагӣ кунем, бояд ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пешбинӣ карда тавонем, то алайҳи онҳо сипари устувори маънавиро дар ҷомеаи худ мустақар созем”.

         Дар ин поя бояд ваҳдати комил ва иттиҳоди қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳосил гардад, ки онро воқеан бидуни пешбурди идеологияи  миллии сиёсӣ ҳосил кардан ғайриимкон аст. Банда комилан бо муаллиф ҳамақидаам. Ӯ мегуяд, ки аз рӯи вазифаҳояш “идеологияи сиёсӣ метавонад дар иттиҳоду ҳамгироии ҷомеаи мо ва аз байн бурдани манфиатҳои гурӯҳиву хусусӣ, ки гоҳҳо аз ҷониби баъзе қувваҳо бар манофеи умумимиллӣ тарҷеҳ дода мешаванд, нақши калидӣ дошта бошад”.Муаллиф қувваҳоеро, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки бар манфиатҳои гурӯҳиашон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳоншиносии аз эшон фарқкунанда, ба мардум иҷборан таҳмил намоянд, ба се гуруҳ табақабандӣ кардааст. Дар ҷомеаи муосири кишвари мо бидуни шубҳа ин се гуруҳ, ки онҳоро ҷонибдорони: а) ақоиди исломи радикалӣ;  б) атеизми ҷанговар;  в) арзишҳои либералӣ ном мебаранд, арзи вуҷуд доранд, ки бо андешаҳои пуртаасуб ва иртиҷоии хеш таҳдид ва хавф эҷод кардаанд. Чунки ҳадафи талоши ин гурҳҳо  ба манфиатҳои кӯчаку гуруҳии онҳо равона шудааст. 

Муаллифи мақола дуруст қайд мекунад, ки  мо  як идеологияи фарогири сиёсӣ, ки омили муттаҳидкунанда ва ҳамгироии миллати мост, бояд дошта бошем. Дарҳақиқат, ин нукта дар тамоми суханрониҳои сиёсии Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан таъйид шудааст ва ҳамзамон ишора менамояд, ки “зарурат ба ихтироъ ва таҷдиди он нест”. Яъне, бояд аз илму технологияи инноватсионии муосир бархӯрдор шуд, насли ҷавонро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, омӯзиши забон ва фарҳанги миллатҳои мутараққии ҷаҳон тарбия кард, ҳамзамон ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳанги маънавии худ арҷ гузошт ва аз нуфузи гурӯҳҳои ифротие, ки мехоҳанд танҳо аз зовияи мафкураи тангу маҳдуди худ ҷомеасозӣ кунанд, ҷилавгирӣ намуд.

Ин ҳама моро водор менамояд, ки  озоданманиш ва мустақилияти фикрӣ дошта бошем, мо бояд  ғуломи ҳалқабардӯши андешаи бегонагон ва  василаи татбиқи ҳадафу хостаҳои гурӯҳҳои кӯчаки манифатхоҳ набошем. Ин масъулияти ҷиддист ва ин вазифаи муҳимро ҳар як фарди бонангу номуси ин сарзамин бояд эҳсос намояд.

 

Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷӯрахон,

Сарвари филиали №23 БДА ҶТ

 “Амонатбонк” дар вилояти Суғд