Санаи 06.03.2019 дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикистон» дар оғози фасле зебои сол баҳори некӯпай, бахшида ба Рӯзи Модар чорабинӣ баргузор  гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Хуҷанд М.Ӯрунбоева  иштирок намуда қайд намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол нақш, мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат занон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо бо азму иродаи  қавӣ собитқадамона фаъолият мебаранд. Дар баробари меҳнати бунёдкорона бонувон дар пойдории оила, тарбияи дурусти фарзандон заҳмати бештар мекашанд.

Дар охир иштирокчиёни чорабиниро аз номи кулли аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд табрик намуда ба 8 нафар занҳои фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид