Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои тандурустии шаҳр ҳамкории густурда дошта, ташкилотҳои ибтидоии чунин муассисаҳо аз ҷумлаи ташкилотҳои ибтидоии намунавӣ ба ҳисоб мераванд.

Кумиҷроия аз оғози паҳншавии бемории коронавирус чанд маротиба кормандони соҳаи тандурустиро аз ҷиҳати молиявию моддӣ  дастгирӣ намуд.

Иқдоми навбатӣ дар ин самт ба муносибати иди касбии табибон анҷом дода шуд.

Санаи 12.08.2020 бо ташаббусӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлисгоҳи КИВ ҲХДТ бо иштироки 60 нафар кормандони соҳа чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар суханронӣ намуда, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ муборакбод гуфт. Таъкид кард, ки дар марҳилаи кунунӣ ба зимаи онҳо вазифаи ниҳоят душвор ва пурмасъулият вогузор шудааст. Боиси қайд аст, ки ворисони Ибни Сино ба савганди худ содиқ монда, хизмати бузургро анҷом дода истодаанд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамаи 60 нафар кормандони соҳа аз муассисаҳои гуногуни тиббии шаҳр бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.  

Дар арафаи фарорасии иди касбӣ ин қадршиносӣ боиси қаноатмандии кормандони соҳаи тиб гардид.