Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз гардид.
Баъди гузаронидани муқаррароти расмӣ ва интихоби котиботи иҷлосия рӯзномаи он аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд нахуст тибқи рӯзнома Ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд дар соли 2019”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯйи масъалаи мазкур Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки имрӯзҳо мо мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд зери таасуроти амиқи нишотбахши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорем, ки санаи 26-уми декабри соли равон тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Зеро соли ҷорӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ муайян гардид, дар қаламрави шаҳри бостонии Хуҷанд дар раванди суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ гаштанд. Дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки инкишофи бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардидем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, шаҳри Хуҷанд чун минтақаи азими саноатии вилоят дар таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи соҳаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори молҳои ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда истодааст. Боиси қайд аст, ки давраи ҳисоботӣ барои ин соҳа хеле бобарор буда, новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1174,7 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз афзудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки дар ин давра дар соҳаи саноат 13 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) бо теъдоди 140 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолии калону хурд ба 168 адад расидааст. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр бошад, шумораи умумии корхонаю муассисаҳо ба 1792 адад расида, теъдоди умумии кормандон 607 адад зиёд шудааст. Боиси тазаккур аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ҳамчун шартҳои асосию муҳим ба маблағи зиёда аз 23,0 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ номгўи намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 205,1 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 17,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 58 адад ё 34,5 фоизашон 23 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 305,1 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8,4 миллион сомонӣ ё 2,8 фоиз зиёд мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки тақвияти иқтидории соҳаи нақлиёт барои натиҷаҳои бобарори соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас гузошта, дар ин давра тавассути 104 адад автобусҳо дар 7 хатсайрҳо ва 720 адад микроавтобус дар 82 хатсайр 57,8 миллион нафар мусофирон кашонида шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 10,6 фоиз афзудааст. Ҳаҷми борҳои кашонидашуда тавассути ҳамаи нақлиётҳои боркашон бошад, ба 3028,8 ҳазор тонна расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 7,5 дар сад зиёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳ ва тақвияти бештар дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имконоту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 220,4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 174,0 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд.Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 168,7 млн. сомонӣ расидааст. Таҳлилҳои ин самти фаъолият нишон медиҳад, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир аз ҷониби тамоми сохторҳои ба ин самт шомил буда, нишондиҳандаҳои ин соҳа мувофиқи соли 2019 пурра таъмин карда мешавад. Бо мақсади дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоот дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, дар асоси лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр 17 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла, маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.
Шаҳрдор гуфт, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд боиси ифтихори сокинон гашта, дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба монанди: бинои муассисаи давлатии “Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ” барои 700 ҷойи нишаст ва маҳфилҳои омўзиши технологияи инноватсионӣ ва ҳунаромўзӣ, Маркази савдо ва хизматрасонии бинои истиқоматии 9 ошёна дар маҳаллаи Суғдиён, “Роҳи танобӣ” ба масофаи 1,1 км аз муассисаи давлатии “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” то маҷмааи Исмоили Сомонӣ бо гузариш аз болои дарёи Сир, киштии рамзӣ тарабхонаи брендии “Темурмалик” бо 30 ҷойи нави корӣ дар соҳили дарёи Сир, муассисаи таълимии томактабии №3 “Ғунчаи истиқлол” барои 200 нафар кўдакон дар маҳаллаи Сари баландӣ, бинои нави шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Зирв Эко» бо 40 ҷойи нави корӣ дар маҳаллаи Навбаҳор, корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд» бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ дар маҳаллаи Ваҳдат, зеристгоҳи барқии “Темурмалик” 110/10 кВ дар маҳаллаи Раззоқ ва меҳмонхонаи «Суғдиён» иштирок намуданд, ки ин иқдомҳо аз идомаи сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар шаҳодат медиҳад.

Илова бар ин, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар асоси иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва амри раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрö оид ба корҳои ободонию бунёдкорö ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси 34 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи 203,4 млн. сомонӣ корҳо амалӣ шуда, 198 иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 5 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 7 иншоот, 5 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 10 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 143 иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 449 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Бо мақсади дар сатҳи ба талаботи муосир ҷавобгўй намудани роҳҳо, дар зиёда аз 20 кўчаю роҳҳои шаҳр бо масрафи 4100,0 тонна асфалтобетон ба масоҳати 35172 м2. ё ин, ки дар 36,21 километр роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расонида шуданд. Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 1183 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 2,9 ҳазор метр ноқилҳои барқӣ иваз ва насб карда шуда, 17 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 84 адад даромадгоҳҳо ва 5 адад лифтҳо, 10154 м2 боми биноҳо ва 503 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Баҳри зебою гулзоркунии шаҳр, дар якҷоягӣ бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорон дар қадди кўчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо ба миқдори 1184,4 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ ва 5578 дона дарахтҳои сояафкан шинонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ ба муассисаҳои таълимӣ 154 адад компютер, 47 адад тахтаи электронӣ, 15 адад принтер ва 57 адад проектор харидорӣ карда шуда, ҳамагӣ шумораи онҳо ба 1592 адад компютер, 158 адад тахтаи электронӣ, 201 адад проектор ва 217 адад принтер расида, ҳамаи компютерҳо пурра ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Дар умум аз 2621 нафар хонандагони муассисаҳои таълимиро хатм намуда, 1623 нафар ба мактабҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 459 нафар ба Мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардиданд. Тибқи квотаи Президентӣ 4 нафар ятимони кулли муассисаҳои таълимии шаҳр номи донишҷўйро гирифтанд. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ аз шумораи умумии хатмкунандагон 1 нафар бо медали тилло ва 2 нафар бо медали нуқра муассисаҳои таълимиро хатм намуданд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки баҳри рушд ва дастгирии фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ, 5 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти Раиси вилоят ва 40 нафар занони ҳунарманд ва эҷодкор барои гирифтани гранти Раиси шаҳр сазовор дониста шуданд.

Дар даврони имрўза ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, баҳри ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо дар доираи чорабиниҳои Рўзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22 май ба 100 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони фаъол ба маблағи 1,0 ҳазор сомонӣ Стипендия тақдим карда шуд. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дошта, дар соли ҷорӣ 16 адад иншоотҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои мухталифи сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ ба гирифтани 1674 медал, аз ҷумла, 516 медали тилло, 474 медали нуқра ва 684 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Ҷиҳати рушди ин соҳа дар шаҳр 9 муассисаҳои сайёҳӣ фаъолият бурда, бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ дар 9 хатсайрҳои нав хизматрасонӣ карда истодаанд. Дар ин давра баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 1 тарабхона, меҳмонхона барои 324 адад ҷойи хоб роҳи танобӣ, шиногоҳи нав дорои майдончаҳои бозии волейболу теннис, пайроҳа, нуқтаҳои фурўши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин, ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати шаҳрвандону сайёҳон сохта ба истифода дода шуд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии давраи ҳисоботӣ маҳсули азму ташаббускории вакилон ва фаъолони шаҳр буда, дар натиҷа рушди устувории ҳамаи соҳаҳо таъмин шуда истодааст. Бо итминони комил қайд кардан мумкин аст, ки дар соли нави омадаистода кулли сокинон бо ҳисси баланди ватандорию меҳнапарварӣ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои бо дастовардаҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Сипас, вакилони шаҳр нақшаи қисми хароҷот ва даромади буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2020-ро тасдиқ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки буҷаи соли 2020 ба андозаи 475 миллион сомонӣ муайян гардидааст.
Дар музокира вакилони халқӣ Мадина Набизода,Муҳсин Исобоев ва Инъом Аминов баромад намуданд.

Сипас 6 адад нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Аюбҷон Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид, ки тибқи он дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бунёди хонаҳои баландошёна ва марказҳои савдо пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби вакилон тасдиқ шуд.

Ҳамчунин вакилон қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир ба масоили баррасишуда дар иҷлосия баромад намуда, андешаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар поёни иҷлосия аз вакилон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза бахшида, иҷрои сифатноки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои интихоботии дар пеш истода тадбирҳои судманд андешанд.
Бо садо додани Суруди миллӣ ба иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшида шуд.