Барои дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар асоси барқияи телефонии кумиҷроияи вилоятӣ, тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ёрии амалӣ расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва барҷомондагону пиронсолон гурӯҳи «Созанда» -и Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» яке аз сокини маҳаллаи Сари Баландии шаҳри Хуҷанд Марҳамат Абдуқодироваро аёдат намуда, хонаро рубучин намуданд.

Инчунин, гурӯҳи мазкур  вазъи саломатии аёдатшуда аз муоинаи профилактикӣ гузарониданд.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин иқдоми ҷавонон минбаъд низ дар шаҳри Хуҷанд идома меёбад.