16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он барои ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ дар Тоҷикистон асос гузошт. Ҳоло  аз баргузории  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ шуд, ки инро метавон фурсати муносиби муаррифии халқи  тоҷик дар арсаи олам ном бурд.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид гузошт.

Бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2017 дар қисми низомии 35-01 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии афсарону сарбозон бо Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор гардид.

Раиси кумиҷроия ҳамаи ҳайати шахсии қисми низомиро ба муносибати ин ҷашнҳои фархунда табрику муборакбод намуд ва зикр дошт, ки  имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистониест, ки  дар фазои орому осуда умр ба сар мебарад.

Инчунин, раиси кумитаи иҷроия аз хизматҳои шоён, талошу кӯшиш ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллати тоҷик ёдоварӣ намуд.  Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки чунин Сарвари оқилу доно тавоно дорад.