Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту вохӯриҳо доир гардида истодаанд. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази Хун» бо иштироки табибон ва кормандони ин коргоҳ вохӯрӣ оид ба омӯзиши Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии Кумиҷроияи шаҳрӣ Фирдавс Тоатов ширкат варзида, дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатие, ки 20 январ манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Маркази хун» М.Наҷмиддинов баромад намуда, қайд кард, ки Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ки Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби мо бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст.