Дар Комендатураи ҳарбии горнизони вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба шарҳу тафсири Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси кумиҷроияи шаҳрӣ иброз намуд, ки Паёми имсола ҳадафҳои асосии стратегияи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсию иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллиро дар бар гирифта, барои сокинони мамлакат дастурамали муҳими фаъолият маҳсуб мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи иқтисодии мамлакат, хусусан аз ҷониби Ҳукумат андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва рушди соҳибкорӣ таъкид гардидааст.