Мӯҳтарам аъзо ва пайравони ҲХДТ Фарорасии фасли нозанини баҳор ва Иди Наврӯзро ба Шумоён, аҳли хонавода ва дӯстони наздиконатон самимона табрику таҳният мегӯем. Хоҳони онем, ки Иди Наврӯз ба хонаи қалбҳои зебои Шумоён шодиву сурур ворид намуда, ба зиндагӣ, кору фаъолияти ҳамарӯзаатон рангу бӯи тоза, маъниву файзу баракати беандоза ворид намояд. Таманно дорем, ки чеҳраи Шумо чун гулҳои Наврӯзӣ хандону шукуфон, қалбатон чун Офтоби оламорои Наврӯз гарму равшан, рӯзатон чун субгоҳи Наврӯз пок, беғубор, беолоиш бошад. Агар ба таърихи ҷашни Наврӯз назар афканем, аён мегардад, ки аҷдодони мо ин иди бузурги миллиро ҳамчун анъанаи нек ва рӯзи хурсандиву шодмонӣ медонистанд, аҳди дӯстию рафоқат, эҳсону муҳаббат, бунёдкорию ободониро густариш бахшида, онро чун оғози пайғоми тоза ва дурахши роҳи фардои муқаддас мешумориданд. Наврӯзи имсоларо мардуми мо дар Соли фарди солим ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд. Ва фикр мекунем шукуҳу таровати он дигар хоҳад буд. Ин санаҳои муборак моро водор мекунанд, то фаъолиятамонро дар ҳама самт созанда ва бобарор ба роҳ монем. Таҷлили Иди Наврӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми мо оғози сол ва кору пайкори нав ба шумор меравад. Боиси хурсандист, ки дар доираи чорабиниҳои имсолаи ҷашнӣ бо ҳузури мубораки худ роҳнамои миллат барои кушодашавии чандин коргоҳу муассисаҳо асос мегузоранд. Имрӯз мо ба корҳои бунёдкориву ободонӣ, ваҳдату эҷодкории мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд назар карда, бовариамон ба устувории сиёсати давлат ва ҷонибдории мардум дар роҳи татбиқи волотарин ормонҳо ва барномаҳои давлатдорӣ дучанд мегардад. Яке аз оинҳои наврӯзӣ аёдати шахсони бемору ятимон ва расонидани муҷдаи баҳорӣ мебошад, ки мо дар якҷоягӣ ин амали хайрро минбаъд низ идома хоҳем дод. Бори дигар мардуми шарифи шаҳри Хуҷандро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз, нафаси тозаи баҳор табрик намуда, бароятон рӯзгори ободу саодати зиндагӣ, рӯҳу илҳоми тоза барои ноил шудан ба комёбиҳои шоёни меҳнатӣ таманно дорем. Наврӯзи дилафрӯз муборак бошад!