Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ташаббускорон аз ҳисоби волонтёрон семинар – машварат дар мавзӯи “ Ҷавонон ва эҳсоси ватандорӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия ҳусни оғоз бахшида зикр дошт, ки дар марҳилаи муҳими сиёсӣ –интихобот ба мансаби президентӣ нақш ва мақоми занону бонувон ва ҷавонон бояд бештар бошад. Зеро бар ивази подошҳои ғамхоронаи рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қишри ҷомеа ташаббусро бештар ба даст гиранд Лозим аст, ки ҷавонони фаъол, бонувони дар ҷамъият мавкеъ дошта, дар асоси далелу рақамҳо  аз дастовардҳои  азими соҳа назди ҳамсафону ҳамсолони худ баромадҳо намоянд.

Эҳсон Исоев, роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд дар баромадаш таъкид дошт, ки мо ҷавонони саодатманди диёр чун амаликунандаи ормонҳои миллӣ сабақи нодири таърихиро аз хизматҳои бузурги Пешвои худ ба халқ хуб омӯхтем. Медонем, ки ин миллат миллати созанда ва поянда аст.  Дар тинати ҳар ҷавони бонангу номус хуни адолату ҳақиқат, садоқат ба миллат, асолат ба таърихи куҳан ҷӯш мезанад. Пас мо миллати хушиқболем , ки роҳнамою сорбони мо инсони заковатпеша, роҳбари накӯпарвар, хирадманду накӯрой ҳастанд ва моро ба сӯи саодатҳо, комгориҳо роҳнамоӣ мекунанд. Бо азму қатъият ва бо дили пур, мо фардои худро имрӯз месозем.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони саодатманди кишвар ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ саҳмгузор шуда, барои сазовор будан ба бовари Пешвои муаззами миллат беш аз пеш саъюу талош меварзанд ва ҳамчун нерӯи ободгару ояндасоз дар гулгулшукуфоии кишвар нақши созанда мегузоранд. Мо, ҷавонон аз таҳти дил сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззамт миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалишудани ҳамаи дастуру ҳидоятҳои созандаашон сидқидилона кӯшиш ба кор мебарем.

Аз номи ҷавонон мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Набиев Мунирҷон барои  ташкили чунин семинар – машварат изҳори сипос намуда, бо азму қатъият том изҳор дошт, ки  ҷавонон ҷонибдори сиёсати ҷавонпарваронаи Пешои муаззами миллат ҳастанд ва пайваста сиёсати он касро дастгирӣ менамоянд.