Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз ҷавони лаёқатманд Мирзоакмал Саидов, ки оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов нисбати пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаҳои худро иброз намуда, барои фаъолона иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ҲХДТ ба аъзои нав муваффақиятҳо орзу намуд.