Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аъзои ҲХДТ Гарифулин Борис Азизович санаи 24-уми октябр оид ба ободии хонаи истиқоматиаш муроҷиат карда буд. Ба ин хотир санаи 31 октябр аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроия хонаи истиқоматии Гарифулин Борис Азизовичро аз партовҳо тоза карда, ба корҳои ӯ кӯмак расониданд. Амалӣ сохтани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки имрӯзҳо дар кишварамон мавриди тадбиқ қарор доранд, яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии ҲХДТ, ҳизбе, ки амният ва некӯаҳволии инсонро дар сархати сиёсати хеш қарор додааст, мебошад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамеша оилаҳои ниёзмандро дастгирӣ намуда, барои ноил гардидани шаҳрвандон ба зиндагии шоиста мусоидат менамояд.