Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд.

Тавре аз маъмурияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” иттилоъ доданд, муҷассама аз тарафи ширкати «Мегафон Тоҷикистон» гузошта шуда, дар маросими ифтитоҳӣ раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд В.А.Бондаренко ва роҳбари ширкати «Мегафон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Фирдавс Зеваров иштирок намуданд.