Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз гардид.
Баъди гузаронидани муқаррароти расмӣ ва интихоби котиботи иҷлосия рӯзномаи он аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд нахуст оид ба рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, № 269 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020” дар шаҳри Хуҷандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯйи масъалаи мазкур Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола муҳимтарин ва асоситарин вазифаҳои ҷомеаи тоҷикистониёнро ироа доштанд ва махсусан мақому манзалати бонувонро дар рушди ҷомеа қайд карданд.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо сафи занон дар ҳамаи сохторҳои ҷамъият зиёд гардида, дар радифи мардон барои ободу зебо ва рушду нумўъ бахшидани сарзамини азизамон камари ҳиммат бастаанд. Зани тоҷик аз қадимулайём бо илм ва ҳунарҳои худ баҳри пешбурди оилаи худ саҳм мегузошт, имрўз ҳам ин вазъро дар саросари кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Зан-модар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият фаъол аст. Яке аз соҳаҳои афзалиятнок соҳаи маорифу тандурустӣ аст, ки сафи занон дар ин соҳа хеле зиёд ба назар мерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки санаи 24 августи соли равон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар”таъин гардид, ки ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии мазкур дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.

Дар баррасии масъалаи мазкур вакилон Муяссар Раҳимова ва Мадина Набизода баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.
Сипас, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон”, № 6 Мақсуд Зиёбоев ба самъи вакилон расонида шуд.

Вакилон масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ оид ба иваз намудани номи кўчаи Грибоедов ба номи Қодир Раҳимов, гузоштани лавҳаи хотиравии Зиё Зиёбоев ба кўчаи Хуҷанд, ҳавлии №67, гузоштани лавҳаи хотиравии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муҳаммадҷон Тоиров ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Баҳор, бинои №7, лавҳаи хотиравии Орипова Гавҳар ба гимназияи № 24 баъди баррасӣ онро якдилона тасдиқ намуданд.
Сипас нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Аюбҷон Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид, ки тибқи он дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бунёди хонаҳои баландошёна ва марказҳои савдо пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби вакилон тасдиқ шуд.

Дар ҷараёни иҷлосия вакилон бо мақсади таъмини иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр дар семоҳаи сеюми соли 2019 масъалаи ба нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр барои семоҳаи сеюми соли 2019 тағйиру иловаҳо ворид намуданро дастгирӣ карданд.

Ҳамчунин вакилон қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро оид ба масоили кадрӣ: аз вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд сабукдӯш гардидани Ҷамшед Абдуқаюмзода ва аз вазифаи мудири бахши фарҳанг озод шудани Бахтиёр Қосимов тасдиқ намуданд.
Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд доир ба масоили баррасишуда дар иҷлосия баромад намуда, андешаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар поёни иҷлосия аз вакилон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза бахшида, иҷрои сифатноки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои судманд андешанд.
Бо садо додани Суруди миллӣ ба иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшида шуд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд