Санаи 11 майи соли 2017 дар Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Иди касбии ҳамшираи шафқат баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шўъбаи кор бо занони кумиҷроия  Зеварой Бобоева иштирок варзида, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати иди касбии ҳамшираи шафқат аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба се нафар ҳамшираҳои шафқат Сипосномаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро супориданд.