Дар остонаи таҷлили ҷашни 26 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон  бо фаъолони ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Дар доираи ин ташаббус дар маҷлисгоҳи Марказии фарҳангӣ шаҳри Хуҷанд бо иштироки наздик ба 200 нафар фаъолони ҳизб мулоқоти озоду самимӣ бо иштироки  Исмоилзода Зуфар Муртазохон   ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир гардид.

Чорабиниро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, аз номи аъзо ва пайравони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исмоилзода Зуфар Муртазохон   ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро барои таъин шудан ба вазифаҳои баланди роҳбарикунанда табрик намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади хеш таъкид дошт, ки  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи калонтарин ташкилоти ҳизбӣ на танҳо дар миқёси вилоят балки дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар пиёда кардани талаботҳои оинномавию барномавии ҳизб мавқеи пешсафиро ишғол менамояд. Дар ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ 18 ҳазору 274 нафар аъзо дар  5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 234 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд, ки ин бешубҳа қувваи бузург аст. Гузашта аз ин аз 40 вакилони шаҳрии Маҷлиси вакилони халқро 37 нафар вакилон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки худ ин рақам далолати боварию эътимоди интихобкунандагон ба ҳизб аст. Аз шумори умумии вакилон 30 дар садро ҷавонону бонувон ташкил медиҳанд. Саҳми ҳизбиён дар тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олии кишвар, дар сатҳи баланд доир шудани маъракаҳои интихобот ва пешгириву мубориза ба бемории сироятии КОВИД – 19 хеле калон аст. Маҳз дар рӯзҳои барои миллат мушкил кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо таъсиси ситод дар 22 кумитаи маҳаллаҳо корбариро вусъат бахшида, сокинонро ҳушдор доданд, ки талаботҳои санитариву гигиениро риоя намоянд.

Яке аз вазифаҳои асосии ҳизбиён ин шунидани арзу шикоятҳо ва таклифу пешниҳодҳои онҳо ҷиҳати таҳким бахшидани фаъолият мебошад. Хеле хушоянд аст, ки эътимоду боварии мардум ба ҳизб сол то сол беҳтар мегардад. Дар нӯҳ моҳи ҳисоботӣ муроҷиати 417 нафар шаҳрвандон тавассути қабулгоҳи ҷаъмиятӣ ва ҳали он бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад.

Дар идомаи суханронии хеш мавсуф аз раисони ташкилоту корхонаҳо, ки дар як вақт раисони ташкилоти ибтидоӣ маҳсуб мешаванд, даъват ба амал овард, ки фаъолияти ташкилотҳоро вусъат бахшида, барои саривақт вокуниш нишон додан ба мақолаҳои муғризонаи душманони миллат саъю талош варзанд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суҳбату озоду самимӣ аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва нақши Раиси муаззами ҳизб дар сулҳу суботи кишвар сухан ронда, баён дошт, ки халқи шарифи кишвар ва тоҷикони аҳли сайёра дар симои Пешвои муаззами миллат сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳониро мебинанд. Раванди ҷавонишавии тамаддунҳо, қудратталабии давлатҳои абаруқудрат боиси ноором гардидани авзои сиёсии ҷаҳон гардида истодааст. Маҳз иродаи қавии роҳбари давлат, самимона дӯст доштани мардуми кишвар боис бар он гардида истодааст, ки мамлакати мо аз амнтарин минтақаи Осиё гардад. Дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, чорабиниҳои фарҳангиву иқтисодӣ бозгӯи гуфтаҳои болоист. Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз ҳизбиёни шаҳр даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроия вусъат бахшида, ба мардум аз ҳар вақта дида бештар хизмат намоянд. Зеро ҷавҳари Барномаи ҲХДТ – ро маҳз фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми мулоқот ба 10 нафар аъзоёни ҷавони ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.