Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказию Вилоятии ҳизб аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7 Маликисломӣ Наим Мунаввар дар арафаи Иди саиди Рамазон ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ аёдати беморону маъюбони ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ба роҳ монда шуд.

Оилаҳои аёдатшуда изҳори миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, шукргузорӣ аз ин даврони соҳибистиқлолии кишвар карданд.