Санаи 09.02.2016 дар толори мактаби миёнаи № 26 шаҳриХуҷанд вохӯрӣ бо омўзгорону хонандагон оид ба омўзиши масъалаҳои асосие, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна ва мутахассиси шўъбаи тарбия Ашрапова Матлюба Комиловна, раис ва намояндагони маҳалаи 1-уми Май низ иштирок доштанд. Вохўриро директории мактаб Шарипов Анвар кушода, меҳмононро ба талабагон ва муаллимон муаррифӣ карданд. Намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард ва қайд кард, ки сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кўдакон 2,5 баробар кам шуд. Бо супориши роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд. Бо ин роҳ мо барои рушди нерўи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири босифат имконияти бештар фароҳам меорем. Бояд гуфт, ки мўҳлати татбиқи Барномаи компютерикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд. Инчунин, дар мулоқот намояндагони маҳалла баромад намуда, фикри худро баён карданд. Вохўрӣ дар фазои озод баргузор гардид ва омўзгорону хонандагон ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.