Ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти № 8 аз 1 феврали соли 2021 дар  бораи "Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ" бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дирӯз мудирони  шуъбаҳои  ҷавонон ва шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳрӣ аз ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш” дидан намуд.

Зимни азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур дастур дода шуд, ки бобати ба низомдарории ҳуҷҷатҳо, насби овезаю шиорҳо, саривақт баргузории ҷаласаҳои ташкилот, соатҳои сиёсӣ, ҳаракати аъзо ва ҷалби аъзо корҳоро боз ҳам ҷоннок намоянд.