Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз шароити зиндагии Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва аҳли оилаи онҳо кормандон ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳоро доир намуданд.

Бо ин мақсад модари мушфиқ, зане, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри сипаригардида фарзанди худро бо сабаби нофаҳмиҳои дар кишвар ба амаломада гум кардааст, аёдат карда шуд. Дар ин аёдат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шўъбаи ташкилӣ Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат карда, аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба модари азиз бурдбориҳо ва саломатии бардавомро таманно намуданд.