Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ дар баробари ҳамаи роҳбарону масъулон аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар ин соли таърихӣ, яъне 25-солагии Истиқлолияти кишварамон аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошем. «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем»- омадааст дар Паём. Бо мақсади роҳандозӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ва иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд чораҷӯиҳоро тарҳрезӣ намудааст. Ташкили мулоқоту вохӯриҳо оид ба омӯзиш ва шарҳи мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолзанони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кумитаи маҳаллаҳо, таъсиси гурӯҳи «Мушоҳидон», Рӯзи ягонаи ахбор, ҳамкорӣ бо радио ва телевизионҳои маҳаллӣ, баргузории маҳфилу мубоҳисаҳои сиёсӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Санаи 17.02.2016 ҷаласаи аввалини таъсисдиҳии гурӯҳи «Мушоҳидон» дар назди шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он фаъолазанҳо, собиқадорони ҳизб ширкат варзиданд. Фаъолияти гурӯҳи Мушоҳидон асосан барои устувор гардидани оилаҳои ҷавон, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар мавриди иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» нигаронида мешавад.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 4786
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 4637
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3175
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 3151
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 2370
-
Баргузории мусобиқаи баскетбол байни бонувон2021-04-14 4
-
Изҳорот: Зи дурӯғ рӯйи ақлаш бефурӯғ аст2021-04-06 15
-
Корҳои тақвияти дохилиҳизбӣ идома дорад2021-04-02 27
-
ЗАН САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ2017-03-03 1100
-
Мулоқот бо интихобкунандагон2016-06-04 610
-
Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 20182018-11-02 789
-
ҲУНАРИ БУЗУРГИ АҶДОД2017-02-24 587
-
ЯК РӮЗИ БОБАРОР ВА ХОТИРМОНӢ ТИРАМОҲӢ2018-10-29 551
Меҳмонон