Боиси зикр аст, ки ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҳизб, барномаи пешазинтихоботии он инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳо дар ташкилотҳои он, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» ба ҳисоб меравад. Алалхусус нашрияҳои мазкур дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти ҷумҳурӣ байни мардум ҳамавақт аҳамияти махсус касб менамояд.

Аз моҳи июни соли 2016 сар карда маъракаи «Обуна-2017» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида буд ва дар ин давра аъзоёни Ситоди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқи меъёри муқарраргардида, мактубҳо ирсол намуда, иҷрои онро зери назорати худ гирифтанд.

Имрӯз бо иштироки муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Cуғд, раиси ситоди вилоятии «Обуна-2017» Анвар Ҷалилов ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Умедахон Бурҳонзода маҷлиси ситоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ситоди навбатиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов оғоз карда зикр дошт, ки дар шаҳри Хуҷанд 4 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 205 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият мебаранд, ки инҳо сарҷамъона дар баргузории маъракаи обунашавӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Аз ҷумла донишгоҳҳои олии шаҳр, коллеҷҳо, Гимназияи №4, беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, Беморхонаи бачагона, корхонаи муштараки Ҷавонӣ, САТН, китобхонаи Т.Асирӣ ва дигарон аввалин шуда нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро  карданд.

Сипас, муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Cуғд Анвар Ҷалилов аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки баҳри ба пуррагӣ иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур фаъолона ширкат варзанд ва дар муҳлати муайянгардида онро ба иҷро расонанд.

Дар охир онҳое, ки аваллин шуда нақшаи обунаро иҷро намуданд бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.