Ҷойи шубҳа нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шоҳиди чандин дигаргунии азими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва фарҳангист. Ин амр ба афзоиши эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд. Аммо қувваҳои харобовар ҳамеша садди роҳи пешрафти азими кишвар ва дигаргуниҳои он мешаванд. Ҳамакнун дар моҳи муаззами ноябр мардуми шарифи тоҷик, ки бояд бо рӯҳияи хос Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Парчами миллиро бо дилгармии афзун таҷлил намоянд, шоҳиди ҳуҷуми мусаллаҳонаи силоҳбадастони гурӯҳҳои экстремистӣ ба кишвари мо шуданд.

Бинобар ин, сад афсўс мехӯрем, ки дар ин моҳи маъракаҳои бузург ва соҳибнуфузи сиёсӣ аз тахрибкории душманони миллат огоҳ гаштем. Чунон ки бори дигар исбот мешавад, душманони миллат ҳамеша ва бо ҳар роҳ кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки рӯйи кишвари моро сиёҳ гардонанд ва моро дар ҳолати ноҳинҷор гузоранд. Ин маврид ҳам онҳо ба рўйи мубораки ин моҳи муаззами миллат сиёҳӣ кашиданӣ ва чеҳраи пурнури ин моҳи пурмаъракаро хираву тира карданӣ шуданд.

Гурӯҳи вайронкору зиёнрасон дар ҳамин рӯзҳои пурсаодат ҳам барои талх кардани коми мардум ва тира кардани рӯзгори хуррами онҳо омодагӣ диданд. Мақсади асосии ин палидону разилон ба харобӣ кашидани кишвар аст, ки дар ин роҳ аз ҳар рафтори ғайриинсонӣ истифода мекунанд ва кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки кишварро боз ҳам ба хунрезии ноҷавонмардона кашанд.

Бояд аз муноқишаишадидимусаллаҳонае, ки рух дода, боиси марги ду тан марзбон гардид, ба хулосаи зарурӣ бирасем. Мо ҳаргиз ин рухдодҳоро рӯйдоди ҷудогона напиндорем. Ин бори дигар шоҳиди он аст, ки ба қазияи Тоҷикистон сарону саркардагони хориҷӣ бетараф нестанд. Аз ин рӯ, ҳодисаи мазкур бояд тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро сари андешаи ҷиддӣ биоварад.

Аз мардуми ватандӯсти кишвар даъват ба амал меоварем, ки барои нигоҳ доштани якпорчагии кишвари азиз саъю талош ба амал оваранд. Дар ин ҷо дарки ваҳдату якпорчагии ватан хеле муҳим аст.

Мо дар ин лаҳзаҳои барои кишвар ҳассосу муассир аз ҷавонмардии ду корманди низомӣ сари ифтихор баланд мекунем, зеро онҳо барои зиндагии осоиштаи мо ҷони худашонро фидо карданд, барои таъмини низому тартиботи умумидавлатӣ ҷони худашонро бохтандСад афсӯсдушман ҳамеша маккории рӯбоҳонаашро наметавонад фурў нишонад.

Дар ин ҳодиса ба Мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имкон даст дод, ки дар сарозер кардани амали нангини террористони ҳамлагар нақши муҳим бозанд

ва 15 аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дар 

қамрави ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ безарар гардонанд ва нафари дигарро дастгир намуданд. Бисёр айни муддао мебуд омилу сабабҳои ин ҷинояти мудҳиш батезӣ равшан гардад.

 

Бори дигар равшан гардид, ки ин амали тундгарои террористӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор ва тундрави "Давлати исломӣ" ва ДОИШ мансуб будааст. Мо, ҷомеаи меҳнатии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» рафтори нангини ин гурӯҳҳои эксремистиро маҳкум менамоем.