Рӯзи гузашта дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдо шудани норасоии масунияти одам дар вилояти Суғд оид ба таъсис додани ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси васеи аъзоёни ҳизб, ки дар маркази мазкур фаъолият мебаранд, баргузор гардид ва дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзид.

Раиси кумиҷроия доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тартиби таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва қабул ба узвият тибқи оинномаи ҳизб сухан ронда, ғояҳо ва самтҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарҳу возеҳ дод. Инчунин, қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқомати аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Сипас, ба 27 нафар кормандони марказ, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни ҳизб дар назди Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдо шудани норасоии масунияти одам дар вилояти Суғд якдилона ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ташкил карда шуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Комилов Фирӯз Мухторович интихоб гардид.