Аз баъзе амалҳои ноҷо ва гуфтору рафтори Муҳиддин Кабирӣ кас ба тааҷуб меафтад. Ба назар чунин менамояд, ки ӯ худ намефаҳмад, ки чӣ гуфта истодаасту чӣ мақсаду маром дорад? Воқеан, шояд чунин ҳам бошад.

Чӣ гуна ақли инсон мегирад, ки ӯ низ дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият бурда, худро “раис”-и ҲНИ гирифтаасту худ бехабар аз оинҳои ислом аст. Дар остонаи соли нави мелодӣ паёми табрикотии Муҳиддин Кабириро хонда будем. Дарвоқеъ,  Муҳиддин Кабириро умуман фаҳмида намешавад. Ишораи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода барҳақ аст:  “Кабирӣ душмани асосии солшумории мелодӣ аст ва солшумории ҳиҷриро афзалтар медонад, аммо шарм накарда ҷомеаи кишварро бо ин ҷашн табрик мекунад”.  Ӯ худ аз адолат ҳарф мезанад, вале чаро пайравони худро ҳимоят намекунад, бегуноҳии онҳоро исбот намесозад? Нафаре ки бо Муҳиддин Кабирӣ сарукор дошт ба балои бад гирифтор шудааст. Умуман, касе ки бар чашми мардуми худ хок пошида, хоини кишвари худ аст, ҳеҷ гоҳ ба мақсаду муроди худ нахоҳад расид. Ҳар яки мо – мардуми кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед. Меҳнат ва хизмати шоистаи мо ба Тоҷикистони азиз  боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдорамон ва пойдории сулҳу ваҳдат  хоҳад гардид. Пас, нест бод ҲНИ ва Муҳиддин Кабирии хоини Ватан!