Дар асоси нақша-чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар хобгоҳи рақами 9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо бошандагони хобгоҳи мазкур мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии 23-умин солгарди рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба устоди донишгоҳ, иштирокчии ҷанги Афғонистон тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуд.