Роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ шахсест, ки ба монанди фоҳиша бо ҳар гуна шахсони ватанфурӯш ба мисли Мирзои Салимпулу Сайидюнуси Истаравшанӣва Темур Варқӣ  муносибати маҳрамона ва пинҳонкорона ба роҳ мондааст.

Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳизби наҳзати ислом чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд. Табаддулоти моҳи сентябрии соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд.  Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТЭТ ҲНИ  Кабирӣ ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТЭТ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.

Имрӯз бошад Кабирӣ аз минбари сомонаи “Ахбор . ком” маккорона дар роҳи сиёҳӣ худ истифода бурда истодааст. Салимпур ҳамчун сухангӯи Кабирӣ ва Паймони миллӣ баромад намуда, аз мавқеи онҳо ҳимоят мекунад. Зин-рӯ сомонаи мазкур сирф сомонаи ифротӣ ва минбари таблиғотии наҳзатиён мубаддал гаштааст. Ягон хабару гузоришҳои “Ахбор . ком” ба ҳақиқат рост намеояд. Сухангӯи Кабирӣ ва Паймони ба ном миллӣ будани худро Мирзои Салимпур бори дигар исбот намуд!

Изҳороти кафедраи андози ДДҲБСТ

ва аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд