Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур  бошандагони маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» ҷомеаи омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва №15 ширкат намуданд.

Иштирокдорони  ин ҳашари умумимаҳаллагӣ ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.