Дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз санаи 24.05.2019 таҳти №119 маъракаи «Обуна- 2020» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ»,«Сухани халқ» ва рӯзномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “Шафақ” оғоз гардида буд.

Боиси зикр аст, ки ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҲХДТ, барномаи пешазинтихоботии он, инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳо дар ташкилотҳои он, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбӣ ба ҳисоб мераванд.

Нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур то инҷониб аз тарафи шӯъбаи дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Маркази назорати давлатии санитарию  эпидемиологӣ ва дармонгоҳи стомотологияи бачагона  пурра иҷро гардиданд ва дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат варзида истодаанд.