Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз фаъолияти ситодҳои  ҳавзавии ҳудуди шаҳр оид  ба мубориза ва пешгирии бемории сироятии COVID – 19  намояндагони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти ситтодҳои ҳавзавӣ ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, 20, 30 ва  мактаби болаёқати шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Зимни мулоқот бо масъулини ситодҳо дастур дода шуд, ки бо истифода аз фурсат ҳамеша дар алоқа бо мардум бошанд. Кормандони ситодро ба он бештар равона кунанд, ки мардум то метавонанд дар хона нишинанд ва барои риояи гигенаи шахсӣ кӯшиш варзанд. Безарурат ба кӯча набароянд ва зимни баромадан бо худ ниқоби муҳофизатӣ ва маводҳои зиддибактерияро гиранд. Таъкид шуд, ки беҳтарин василаи эмин мондан аз ин беморӣ зуд хабардор кардани кормандони ситод ва бо ҷалби табибони оилавӣ муоина кардани худ аст. Дар он сурат шифоёбии тезтар ба миён меояд.

Ҳангоми вохӯрӣ ба масъулин ниқобҳои муҳофизатӣ тақдим карда шуд, ки то ба нафарони ниёзманд тақсим карда мешавад.