Санаи 31 августи соли 2019 дар толори қабули расмии вилояти Суғд маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз супоридани Ифтихорнома нахуст кулли ҳозиринро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади қадршиносӣ аз хизматҳои шоён ҳамасола ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд фаъолони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 85 нафар кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Боиси ифтихори мо ҳизбиён аст, ки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.