Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи барқияи Кумиҷроияи Вилоятии ҳизб аз санаи 04.08.2015 таҳти рақами №49 барои гузаронидани аксияи «Мактаб даргоҳи Маърифат» нақша-чорабинии худро тартиб дода, аксияи мазкурро дар сатҳи зарурӣ баргузор намуд. Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони халқ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва фаъолон дар миқёси шаҳри Хуҷанд бо 217 оилаҳои ниёзманд вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо сару либоси мактабӣ ва лавозимотҳои хониш дастрас намуданд. Зимни вохӯриҳо намояндагони ҲХДТ табрикоти роҳбарияти ҳизбро бахшида ба фаро расидани соли хониши нав ба хонандагон расониданд. Дар навбати худ оилаҳои дастгириёфта нисбати ин ғамхорӣ миннатдории худашонро ба роҳбарияти ҲХДТ расониданд.